ABNA24 – Комиссияи пайгирии дидгоҳҳову мутолиботи шааёни Афғонистон имрӯз бо нашри баёнияе хостори риояти ахлоқи исломӣ, ҳурмати хонаводаҳо ва марокизи диниву ҳарими шахсии афрод дар ҳангоми кофтукови хона ба хона аз сӯи Толибон шуд.
Дар баёнияи Комиссияи пайгирӣ дидгоҳҳову мутолиботи шиаён омадааст: «Муттаассифона, шунида шудааст, ки дар бозрасӣ дар бархе аз маворид ахлоқи исломӣ, ҳурмати хонаводаҳо ва марокизи диниву ҳарими шахсии афрод риоят нашудааст, ки лозим аст ин маворид ба сурати ҷиддӣ муроот шавад».
- Сарпарасти Вазорати дифои Толибон: Ҳеҷ узви Толибон ҳаққи куштани фардеро надорад
- Назари полиси зани Толибон дар мавриди бозрасии хонаҳои Кобул
Баёния ҳамчунон афзудааст: «Аз мардуми азиз ва диндор мехоҳем, ки оромишу хунсардии худро ҳифз карда, дучори тарсу изтироб нашаванд ва бо қазия мантиқӣ бархурд кунанд».
Рӯзҳои ахир ҳукумати Толибон дар Кобул ва дигар нуқоти Афғонистон бозрасии хона ба хонаро оғоз кардааст.
Масъулони амниятии Толибон муддаиянд, амалиёти бозрасӣ бо ҳадафи саркӯби он чӣ ки ин гуруҳ «аносури шарир» мехонад, иҷро мешавад.
342/